Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Майкл Блумберг аз таҳдидҳои террористӣ


Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк, мегӯяд, гузоришҳои мӯътамад, вале таъйидношуда доир ба таҳдидҳои террористӣ ба ин шаҳрро дарёфт кардаанд. Ӯ афзуд, пулиси Ню Йорк барои таъмини амнияти сокинон, нерӯҳои изофии пулисро ба шаҳр сафарбар кардааст. Метт Чандер, сухангӯи вазорати амнияти дохилии Амрико, ҳам гуфт, “иттилоъоти мушаххас ва мӯътамад, вале таъйидношуда доир ба таҳдидҳои террористиро дар даст доранд”. Бар тибқи иттилоъи кашфшуда аз қароргоҳи Усома Бин Лодин дар Покистон, Ал-Қоида қасд доштааст, дар рӯзи 10-умин солгарди ҳамлаҳои 11 сентябр ба Амрико ва дигар санаҳои муҳим, дар ин кишвар ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад. Тадобири амниятиро дар Амрико дар остонаи рӯзи 11 сентябр тақвият бахшидаанд.
XS
SM
MD
LG