Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабибуллоев: "Бояд дастаи нави мунтахабро ташкил диҳем”


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “С” ду бозӣ анҷом дод ва дар ҳарду бозӣ шикаст хӯрд.

Мунтахаби Тоҷикистон баъди бохт дар нахустин бозиаш дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода ба тими миллии Узбакистон, дар даври дуввум дар меҳмонӣ аз тими миллии Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб гашт.

Дар ду бозӣ 17 футболбоз ширкат дошт, ки 13 нафар аз тими “Истиқлол”-и Душанбе, ду нафар – ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов ва нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов аз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, як нафар – нимҳимоятгар Илҳомҷон Ортиқов аз ССКА “Помир”-и Душанбе ва як легионер - ҳимоятгар Фарҳод Восиев аз бошгоҳи «Шинник»-и Ярославли Русия буданд. Вале Фарҳод танҳо дар як бозӣ бо тими миллии Узбакистон иштирок дошт.

Баъди натаҷагирии ду давр дар гурӯҳи "С" тимҳои миллии Ҷопону Узбакистон чаҳоримтиёзӣ ва мунтахаби Куриёи Шимолӣ се имтиёз ба даст овардаанд. Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар даври севум дастаи Тоҷикистон 11-уми октябр дар сафар бо тими миллии Ҷопон бозӣ мекунад. Бозии ҷавобии дастаҳои Тоҷикистону Ҷопон 11-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ду бозии дигари дастаи Тоҷикистон 15-уми ноябр дар шаҳри Тошканд бо тими миллии Узбакистон ва 29-уми феврали соли оянда дар Душанбе бо мунтахаби Куриёи Шимолӣ барпо мегардад.

Дар бораи натоиҷи ду бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, пешкаш мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:06 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG