Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, аз Башшор Асад, ҳамтои суриягии худ хостааст, аз роҳи саркӯби тазоҳургарон баргардад ва бо мухолифин вориди музокирот шавад. Ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони Португалия ҳамчунин гуфтааст, тазоҳуроти панҷмоҳа дар Сурияро Амрикову Исроил барангехтаанд. Эрон муттаҳиди аслии Сурия аст ва Амрикову кишварҳои дигар Эронро ба он муттаҳам кардаанд, ки ба Башшор Асад дар саркӯби тазоҳургарон кӯмак мекунад.