Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз ду муттаҳиди собиқ – Туркия ва Исроил – хост, то ба хотири кумак ба раванди сулҳи Ховари Миёна равобити худро оддӣ бисозанд. Туркия рӯзи ҷумъа сафири Исроилро аз Анкара ихроҷ ва ҳамкориҳои низомӣ бо он кишварро низ қатъ кард.
Ин иқдомот дар пайи нашри гузориши СММ пиромуни ҳалокати 9 турк дар ҷараёни амалиёти Исроил алайҳи корвони киштиҳоест, ки дар моҳи майи соли 2010 қасди сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро доштанд. Исроил бори дигар аз ҳалокати афрод дар он амалиёт изҳори таассуф кард, вале бар хилофи тақозои Туркия, маъзарат нахост.