Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримҳо болои Сурияро ташдид мебахшад


Эътирозҳо дар Сурия идома доранд
Эътирозҳо дар Сурия идома доранд
Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар Лаҳистон мавзӯъи таҳримҳои нав алайҳи Сурияро баррасӣ мекунанд. Дар арафаи нишаст Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, аз кишварҳои аврупоӣ даъват намуд, ки фишор болои раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро афзоиш диҳанд ва ӯро барои тарки мақом водор созанд.

Дар ҳамин ҳол дар Сурия бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозии мухолифини ҳукумат дасти кам панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, дар минтақаи Ҳомс низомиён сӯи тазоҳургарон оташ кушоданд ва се нафарро кушта, чанд тани дигарро захмӣ карданд. Дар мавзеъи Ал-Рама, воқеъ дар марзи Туркия, бар асари тирандозӣ аз сӯи низомиёну кормандони амниятӣ як нафар ба ҳалокат расид. Бз як нафари дигар, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар Дайр-уз-Зор ҳадафи тир қарор гирифт.

Ба иттилоъи СММ, бар асари саркӯбсозии намоишҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад беш аз дуву ним ҳазор сокинони Сурия ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG