Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни тӯфони "Айрин" дар ИМА


Теъдоди қурбониёни тӯфони “Айрин” дар ИМА ба 44 нафар расид. Дар даҳ аёлат ин офати табиӣ боиси марги одамон шудааст.

То ҳол тақрибан 5 миллион нафар аз нерӯи барқ маҳруманд. Дар аёлатҳои шимолу шарқии Амрико, қабл аз ҳама, дар Вермонте ва Ню-Ҳампшир боронҳои шадид боиси обхезӣ шуданд.

Рафъи паёмадҳои тӯфон шояд чанд моҳро дарбар бигирад.

Ба гуфтаи мутахассисон, “Айрин” ба Амрико миллиардҳо доллар хисорот ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG