Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли нафари дувуми aл-Қоида дар Покистон


Мақомоти Амрико мегӯянд, Отия Абдулраҳмон дар вилояти қабиланишини Покистон кушта шудааст.

Онҳо меафзоянд, Отия пас аз ифшои маконаш бар асоси маълумоти иктишофӣ дар вилояти Вазиристон ҳадафи зарбаи ҳавопаймои бидуни сарнишин қарор гирифтааст.

Абдулраҳмон, шаҳрванди Либия, меъмори муҳими фаъолиятҳои ал-Қоида маҳсуб мешуд ва нақши ӯ дар таъсиси ҳалқаҳои ал-Қоида дар саросари ҷаҳон бисёр бузург будааст. Аз ҷумла мегӯянд, ҳалқаҳои Ал-қоида дар шимоли Африқо дар соли 2007 бо мусоидати ӯ, Алҷазоир ва тундравон таъсис шудаанд.

Худи Абдулраҳмон чанде пеш доир ба қиёмҳои мардумӣ дар кишварҳои арабӣ сухан гуфт ва аз ҳаводорони ал-Қоида даъват кард, аз ошӯбгарон ҳимоят кунанд, ҳатто агар ин ошӯбгарон аз гурӯҳҳои исломӣ ҳам илҳом нагирифта бошанд. Абӯбакр Сиддиқӣ, хабарнигори Радиои
Абӯбакр Сиддиқӣ (аз рост)

Озодӣ дар умури Афғонистону Покистон мегӯяд, Отия Абдулраҳмон дар ҳамлаҳо алайҳи шаҳрвандони Амрико ҳам даст доштааст: "Мо медонем, ки Абдулраҳмон Отия дар тарҳрезӣ ва иҷрои бомбгузорӣ дар дафтари Хадамоти Истихборотии Амрико дар моҳи декабри соли 2009 дар вилояти Хӯсти Афғонистон то ҳадде даст доштааст."

Ба гуфтаи Абубакр Сиддиқӣ, Абдулраҳмон ҳамчунин яке аз афроди боэътимоди худи Усома Бен Лодин будааст: "Ӯ фиристодаи ал-Қоида ба Эрон буд. Ҳадсу гумонҳое ҳаст, ки Абдулраҳмон Отия масоили бисёр ҳассоси бозгардонидани баъзе аз аъзои хонаводаи Усома бин Лодинро баррасӣ кардааст, ки солҳои тӯлонӣ дар Эрон зиндагӣ мекарданд."

Муҳаммад Саъд, афсари собиқи артиши Покистон ва ҳоло таҳлилгари низомӣ ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, марги Отия Абдулраҳмон ба фаъолияти созмони ал-Қоида беасар намемонад: "Бешубҳа марги як пешвои бонуфузи дорои қудрату маҳорат, барои як созмон беасар намемонад. Аммо созмоне ба мисли Ал-Қоида созмони бештар идеологӣ аст. Барои маҳви ин идеология бояд бо идеологияи дигар мубориза кунед."

Таҳлилгарони амниятӣ ҳамчунин мегӯянд, марги Отия Абдулраҳмон ба нуфузи ал-Қоида дар Шимоли Африқо таъсир хоҳад гузошт. Раҳимуллоҳ Юсуфзай, ки фаъолияти ал-Қоидаву муҷоҳидонро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, агарчӣ ҷойгузине барои Абдулраҳмон пайдо мешавад, аммо интихобҳое ба мисли ӯ камтар аст: "Вақте Усома бин Лодинро куштанд, ҳама интизор доштанд, ки Аймон ал-Завоҳирӣ, ҷойгузини ӯ хоҳад шуд. Дигар номҳои муҳиме ҳам бурда шуд, ба мисли Отия Абдулраҳмон, Сайф–ул-Одил, Абуяҳё ал-Лоибӣ. Аз ал-Қоида ҳамин афроди баландпоя мондаанд ва шояд яке аз онҳо ҷои Абдулраҳмонро мегирад. Инро бояд дид, вале ба андешаи ман ал-Қоида интихоби бисёр кам дорад. Дар он афроди тавоно кам мондаанд.”

Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико моҳи гузашта зимни сафар ба Афғонистон гуфт, шикасти ҳалкунандаи ал-Қоида имконпазир аст, ба шарте ки Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш 20 узви баландпоя ва аслии боқимондаи ал-Қоидаро маҳв кунанд.

Мақомоти Покистон рӯзи якшанбе гуфтанд, хабари марги Отия Абдулраҳмонро таъйид карда наметавонанд, вале ин як одати давлати Покистон аст, ки фақат дар сурати қурбон шудани ғайринизомиёни зиёд дар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико рӯй додани чунин ҳодисаро эълом мекунад.
XS
SM
MD
LG