Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳ.Клинтон ба сулҳ байни гурӯҳҳои Либия


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар як баёнияи катбӣ рӯзҳову ҳафтаҳои ояндаро барои ояндаи Либия сарнавиштсоз номид. Хонум Клинтон ҳамчунин ба сулҳ байни гурӯҳҳои Либия даъват карда, гуфт, “дар Либияи ҷадид набояд ба интиқомҷӯиву таъқиб роҳ дод.” Ин дар ҳолест, ки Алӣ Тарҳунӣ, вазири молия дар Шӯрои миллии гузор гуфт, ин ниҳоди олии чирикиҳои Либия аз Бенғозӣ ба Троблус кӯчида, ба раҳбарии кишвар аз инҷо хоҳад пардохт. Бино ба хабари дигар, дар Шӯрои Амният бар сари барои ироаи ёриҳои башарӣ ва заруриёти дигар боз кардани 1,5 миллиард доллар маблағҳои мунҷамидшудаи Либия тавофуқ ҳосил шудааст.
Бо ин ҳол, Афви байналмилалӣ гуфт, ҳарду ҷониби ҷанги Либия – ҳам нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ ва ҳам чирикиҳо – нисбат ба маҳбусон бадрафторӣ мекунанд. Ин созмон аз ҳарду ҷониби ҷанги Либия даъват кардааст, аз шиканҷа ва анвоъи дигари бадрафторӣ парҳез кунанд.
XS
SM
MD
LG