Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия партоби мушакҳои "Союз"-ро муттавақиф кард


Ба думболи суқути як киштии кайҳонии боркашаш, Русия партоби мушакҳои Союзро муттавақиф кард. Рӯзи чаҳоршанбе, киштии кайҳонии боркаши Прогресс М-12М баъди панҷ дақиқаи партоб аз пойгоҳи Байконур дар Қазоқистон суқут кард. Мақомоти Русия гуфтанд, то замони ташхис шудани сабабҳои суқут, мушакҳои Союзро партоб нахоҳанд кард. Пайдоиши мушкил дар системаи партобкунанда сабаби садамаи Прогресс шудааст. Мутахассисон имрӯз ҷустӯҷуи пораҳои киштиро идома доданд.
XS
SM
MD
LG