Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форбс: "Ангела Меркел нерӯмандтарин зани ҷаҳон аст"


Маҷаллаи амрикоӣ ва мӯътабари “Форбс” Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро нерӯмандтарин зан дар ҷаҳон хондааст. “Форбс” навиштааст, “Ангела Меркел, раҳбари як иқтисоди воқеъан ҷаҳонӣ аз Аврупо ва раҳбари мусаллами Иттиҳодияи Аврупост”. Маҷаллаи “Форбс”, ки феҳрасти 100 зани бонуфузи ҷаҳонро нашр мекунад, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрикоро дар мақоми дуввум ва Дилма Росселф, раиси ҷумҳури Бразилияро, дар мақоми саввум ҷой додааст. Мишел Обама, хонуми раиси ҷумҳури Амрико дар мақоми ҳаштум, Кристин Лагард, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул дар мақоми нӯҳум ва Ледӣ Гага, овозхони шӯҳратёр ва ҳам баҳсбарангези Амрико дар мақоми 11 қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG