Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи хабарнигори Би Би Сӣ дар Хуҷанд шурӯъ мешавад


Қарор аст, имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, муҳокимаи додгоҳии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Радиои Би Би Сӣ, шурӯъ шавад, ки ӯро ба пинҳон нигаҳ доштани ҷиноят муттаҳам мекунанд. Ӯрунбой Усмонов, дар ибтидо ба узвият дар созмони тундрави Ҳизб ут-Таҳрир муттаҳам мешуд вале додгоҳ ин иттиҳомро беасос донист. Хабарнигор тамоми иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ба хотири таҳияи гузориш бо аъзои Ҳизб ут-Таҳрир мусоҳиба кардааст. Имрӯз созмони Авфи Байналмилал бо нашри як баёния аз сарнавишти Ӯрунбой Усмоновро ибрози нигаронӣ кард. Созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллии ҳомии ҳуқуқ аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ба таъқиби ин хабарнигор хотима диҳанд. Ӯро 13 июни ҳамин сол боздошт ва як моҳ баъд раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG