Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6,9 миллион евро ёрии Олмон ба Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Олмон барои барномаҳои мубориза бо бемории сил ба Тоҷикистон 6,9 миллион евро кумак ҷудо мекунад. Чунин қарордод байни вазорати иқтисоди Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон имзо шудааст. Бар пояи ин маблағи имдодӣ, қарор аст, бемористони амрози сил дар Мачитони ноҳияи Ваҳдат ва бемористони Деҳмой дар вилояти Суғд тармиму бозсозӣ шаванд. Дар Тоҷикистон бар пояи кумакҳои хориҷӣ як барномаи миллии мубориза бо сил дар маърази иҷро қарор дорад.
XS
SM
MD
LG