Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои як раҳбари Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон


Муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Марат Имонқулов ба нишони эътироз мақомашро тарк намуд.

Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек ӯ гуфт, ки имкони таъсиргузорӣ ба тасмимҳои раиси кумита Кенешбек Дуйшебоевро надорад ва Кумитаи амнияти миллӣ ба як фишанги фишори сиёсӣ табдил шудааст.

Марат Имонқулов афзуд, истеъфояш боз бо он омил марбут аст, ки мехоҳад дар интихоботи президентӣ ширкат кунад. Интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон моҳи октябр баргузор хоҳад шуд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон изҳороти Марат Имонқуловро ташреҳ накардааст.
XS
SM
MD
LG