Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури ғайриоддии вазорати маорифи Эрон


Мақомоти Эрон дастур додаанд, то дар кӯдакистонҳо духтарону писарон аз ҳам ҷудо нигоҳубин карда шаванд. Ба гузориши Радиои Фардо, вазорати омӯзишу парвариши Эрон бо судури амре гуфтааст, ҳамроҳ нигаҳ доштани навомӯзони то 5 солаи духтару писар дар марказҳои томактабӣ мамнӯъ аст ва танҳо дар сурати кам будани теъдоди кӯдакон дар кӯдакистон ҳамроҳ кардани духтарону писарон дар як синф мумкин аст. Ҷудосозии ҷинсиятӣ дар муассисаҳои таълимии Эрон ҳанӯз баъд аз Инқилоби Исломӣ дар соли 1979 шурӯъ шуда буд, вале имсол бо матраҳ шудани ҷудосозӣ дар баъзе аз донишгоҳҳо баҳси ин мавзӯъ авҷ гирифт. Таҳлилгарони эронӣ ин амрро як таасуби мазҳабӣ хондаанд.
XS
SM
MD
LG