Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди паймони Молотов-Риббентроп


Расми имзои паймони Молотов-Риббентроп дар ҳузури Иосиф Сталин дар Маскав
Расми имзои паймони Молотов-Риббентроп дар ҳузури Иосиф Сталин дар Маскав
Имрӯз, 23 август, раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Чен Ир дар Улан-Удеи Бурятистон бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мулоқот мекунад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел имрӯз дар Белград бо раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич дидор хоҳад дошт. Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз Ҷопон боздид мекунад. Лигаи кишварҳои арабӣ дар Доҳа бори дигар масъалаи таъсиси давлати Фаластин дар моҳи сентябрро баррасӣ мекунад. Имрӯз дар тақвимҳои байналмилалӣ Рӯзи ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва ҳам Рӯзи ёдбуди қурбониёни низомҳои тоталитариву авторитарист. 23 августи соли 1939 паймони Молотов-Риббентроп имзо шуд, ки бар асоси он Иттиҳоди Шӯравӣ Латвияву Литваву Эстония ва як қисмат аз Лаҳистонро ба қаламрави худ даровард. 23 августи соли 1989 мардум дар се кишвари соҳили Балтик алайҳи ин паймон занҷири зиндаеро аз Таллин то Рига сохтанд.Ва дуруст як сол қабл, шаби 23 августи соли 2010 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. То имрӯз аз ҷамъи ин фирориён танҳо Аъзамшоҳ Зиёев – бародари фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзо Зиёев – дар ҳоли фирор боқӣ монда, бақия боздошт ё кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG