Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардони мусаллаҳ 19 мошини бензинро оташ заданд


Имрӯз дар ҷануби Покистон мардони мусаллаҳ савори мототсикл дастикам 19 мошини бинзинро, ки барои нируҳои НАТО дар Афғонистони ҳамсоя маводи сӯхт мебурданд, ба оташ кашиданд. Полис мегӯяд, мардони мусаллаҳ дар 25 километрии ҷануби Кветта ба сӯи мошинҳо оташ кушодаанд. Дар ин вақт ронандаҳо мунтазири полис нишаста будаанд, то полис дар боқимондаи роҳ онҳоро ба сӯи Афғонистон гусел кунад. Исмоил Курд-як корманди полис гуфт, ки дар ин ҳамла тақрибан даҳ марди мусаллаҳ даст доштаанд.
XS
SM
MD
LG