Сарони мухолифи Сурия дар ҳамоише дар Истанбул тарҳи интиқоли қудратро дар ҳоли барканории раисиҷумҳур Башор ал-Асад зимни ошӯбҳои зидди режими ӯ баррасӣ карданд. Вакилон рӯзи шанбе аъзои шӯроеро интихоб намуданд, ки битавонад, аз номи дигарандешони муҳоҷир ва фаъолони дохили кишвар сухан гӯяд. Фишори байнулмилалӣ рӯи Асад ин ҳафта, пас аз таҳримҳои нави Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо ва даъватҳои истеъфои раҳбари 45-сола афзоиш ёфт.