Полиси Ветнам имрӯз тазоҳуроти зиддичиноиро дар Ҳаной бо зӯр пароканда кард. Он кӯчаҳои шаҳрро масдуд намуд ва ба камияш 15 нафар аз даҳҳо тазоҳуркунандаро, ки бо нидоҳои “Марг бар ишғолгарии Чин!” ба кӯчаҳо рехта буданд, боздошт кард. Баҳс бар сари чандин ҷазира меравад, ки Чин, Тайван ва кишварҳои осиёӣ онро моли худ мешуморанд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар изҳороте аз ҳаққи шаҳрвандон ба гидиҳамоии осоишта дифоъ кард ва аз сарони коммунист хост, боздоштшудагонро раҳо кунанд. Ҳукумат рӯзи панҷшанбе зимни як қарор мӯҳлати мамнӯъияти тазоҳуротро, ки 10-уми июл ба поён расид, тамдид кард. Гирдиҳамоии сиёсӣ дар Ветнам ҳодисаи камшумор аст.