Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми Белорус аз қарори давлати Амрико


Давлати Белорус имрӯз гуфт, дар вокуниш ба қарори Амрико барои эъмоли таҳримот алайҳи он кишвар, иҷрои барномаи маҳви захираҳои ураниуми ғанишудаи ғализи худро муттавақиф хоҳад кард. Бо эъломи ин хабар Андрей Савиних, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Белорус, гуфт, “кишвараш андешидани тадбирҳои дигарро” сарфи назар намекунад. Аввали ин моҳ Амрико эълом кард, бинобар идомаи саркӯби мухолифини давлат, алайҳи чаҳор ширкати Белорус таҳрим эъмол мекунад. Моҳи декабри соли гузашта Амрико ва Ҷумҳурии Белорус дар мавриди маҳви захираҳои ураниуми ғализ дар Белорус ба созиш расиданд.
XS
SM
MD
LG