Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Либия дар ИМА дубора фаъол шуд


Алӣ Оҷалӣ, сафири нави Либия дар ИМА
Алӣ Оҷалӣ, сафири нави Либия дар ИМА
Дар Вошингтон сафорати Либия дубора ба фаъолият шурӯъ кард. Акнун аз Либия на ҳукумати Муаммар Қаззофӣ, балки Шӯрои миллии таъсискардаи ошӯбгарон намояндагӣ мекунад.

ИМА ин Шӯроро чун намояндаи қонунии Либия эътироф кардааст. Алӣ Оҷалӣ, сафири пешини Либия, дар мақомаш боқӣ монд – ӯ ҳанӯз моҳи феврал, баъди шурӯъи намоишҳо зидди режими Қаззофӣ ба тарафи ошӯбгарон гузашта буд.

Ӯ дар маросими шурӯъи дубораи фаъолияти намояндагии дипломатӣ гуфт, "бори аввал дар 42 сол ин сафорат аз Либияи озод намояндагӣ мекунад. Ман мехоҳам ба аъзои ҷамоати либиягиҳо дар ИМА барои пуштибонияшон аз мубориза барои озодӣ дар Либия изҳори сипос кунам".

Алӣ Оҷалӣ афзуд, ки "сафорати нав таҳти назорати Шӯрои миллии интиқолӣ ба мардуми Либия дар муборизааш барои озодӣ ва демократия дар Либия хизмат хоҳад кард".

Дар худи Либия набардҳо барои шаҳри Аз-Зовия, воқеъ дар 50 километрии ғарби пойтахт шаҳри Триполӣ, идома доранд.

Дар шарқи Либия бошад, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва ошӯбгарон барои таҳти назорат гирифтани шаҳри Брега вориди даргириянд.
XS
SM
MD
LG