Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо барои раҳоии пешвоёни мухолифони Эрон


Садҳо нафар аз фаъолони сиёсӣ ва мадании Эрон бо ирсоли як номаи саркушода ба созмонҳои байналмилалӣ хостори мусоидати онҳо дар раҳоии пешвоёни мухолифон Мирҳусайни Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ шуданд. Чаҳор моҳ пеш баъди даъвати мардум ба раҳпаймоӣ ба тарафдории қиёмҳои мардумӣ дар Тунис ва Миср, мақомоти Эрон Мӯсавӣ ва Каррубиро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Дар номаи саркушода ба дабири кулли Созмони Милал, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ниҳодҳои дигари байналмилалӣ, омадааст, рафтори мақомоти давлатии Эрон дар нисбати раҳбарони мухолифин ва ҳамсарони онҳо нақши ошкори ҳуқуқи башар, нақзи қонуни байналмилалӣ ва дохилии Эрон аст.
XS
SM
MD
LG