Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия хостори қатъи саркӯбии тазоҳуроти Сурия шуд


Аҳмет Довутуғлу
Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия бори дигар даъвати Анкараро такрор кард ва аз ҳукумати Сурия хост, ки ба саркӯбиҳои хунини тазоҳуроти эътирозӣ хотима диҳад. Вай гуфт, бо вуҷуди музокироти ҳафтаи гузашта бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия амалиёти саркӯб ташдид ёфтааст. Довутуғлу афзуд, ташдиди чунин амалиёт қобили бахшиш нест ва бояд “бидуни қайду шарт ва фавран қатъ шавад”. Анкара бори дигар аз Башор Асад хост, ки ислоҳоти сиёсӣ анҷом диҳад, вале нагуфт, ки бояд аз мақомаш равад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG