Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиши хунин дар Қут


Имрӯз бар асари таркиши дугона дар шаҳри Қути Ироқ дастикам 30 нафар кушта ва беш аз 50 тан захмӣ шуданд. Ба гуфтаи мақомот, як мошини бомбгузоришуда ва як бомби канори роҳ дар як минтақаи пуриздиҳоми ин шаҳри воқеъ дар 160-километрии ҷануби Бағдод таркидаанд. Як табиби бемористони марказии Қут гуфт, дар байни қурбониён занону кӯдакон низ ҳастанд. Ҳамлаҳои Қут дар ҳолест, ки 47 000 сарбози Амрико бояд то поёни сол аз Ироқ хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG