Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи ИМА: "Сурия бидуни Асад осудатар хоҳад буд"


Кишварҳо таҳдид кардаанд, ки дар сурати идомаи таъқиби хунини мухолифин дар Сурия, даст ба иқдом хоҳанд зад.

Мамолики аврупоии узви Шӯрои Амнияти СММ рӯзи чаҳоршанбе ҳушдор доданд, ки агар куштори эътирозгарон мутаваққиф нашавад, таҳрими Сурия тавсеа хоҳад ёфт.
Намояндаи Сурия:
Дар айни замон онҳо иҷозат намедиҳанд, ки мо ҳам вақте сухан дар бораи кишвари мо меравад, гурӯҳҳои силоҳбадасту террористро бо ҳамин истилоҳ ёд кунем. Ин дурӯягӣ аст. Ин як худбинӣ аст...


Вале сарфи назар аз таъқиби панҷмоҳаи мухолифин аз сӯи нерӯҳои содиқ ба ҳукумати президент Башор ал-Асад, Русияву Чин - ду кишвари дорои ҳаққи вето дар Шӯрои Амният, ҳамроҳ бо Бразилия, Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ ба тавсеаи таҳрими Сурия мувофиқ нестанд.

Танҳо коре, ки Русия анҷом додааст, ин аст, ки Кремл аз Димашқ хостааст, бар пояи ваъдааш ислоҳотро раҳандозӣ кунад. Рӯзи чаҳоршанбе дар як ҷаласаи пушти дарҳои бастаи Шӯрои Амният Оскар Фернандез-Таранко иброз дошт, ки аз моҳи март ба ин тараф дар Сурия камаш 2 ҳазор иштирокчии гирдиҳамоиҳои зиддиҳукуматӣ кушта шудаанд.

Сурия. Фурӯпошии бурҷи масҷид аз зарбаи тӯп
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00
Линки мустақим


Муовини сафири Бритониё дар СММ, Филип Парҳам, ба хабарнигорон гуфт, ки гузориши СММ хеле ҳам риққатовар буд: "Мехоҳам ба Шумо дар бораи миқёси ҳаводис маълумот диҳам. Тахминан 2 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо бесилоҳ будаанд. Наздик ба 3 ҳазор тани дигарро бо зӯри силоҳ ба самтҳои номаълум бурдаанд. 13 ҳазор каси дигар боздошт шудааст. Дар шимоли Сурия бошад, даҳҳо ҳазор нафар аз тарси ҳамлаҳои нерӯҳои ҳукуматӣ макони зисти доимии худро тарк кардаанд. Чандин ҳазор нафари дигардар дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ аз Сурия ба Туркия фирор кардаанд. На расонаҳои хабарӣ ва на созмонҳои башардӯстона имкон надоранд, ки аз он ҷо зиёрат кунанд."

Башор ал-Асад, раисиҷумҳури Сурия
Вале сафири Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ танқидҳои аврупоиёнро қабул накард. Ӯ гуфт: "Вақте сарвазири Бритониё аснои сӯҳбат дар бораи нооромиҳои ахири Англия сӯҳбат намуда, эътирозгаронро авбош меномад, ин амал хеле ҳам ошкору маълумотдиҳанда аст. Вале дар айни замон онҳо иҷозат намедиҳанд, ки мо ҳам вақте сухан дар бораи кишвари мо меравад, гурӯҳҳои силоҳбадасту террористро бо ҳамин истилоҳ ёд кунем. Ин дурӯягӣ аст. Ин як худбинӣ аст."

Ин изҳороти сафири Сурия ба зудтарин фурсат аз тарафи намояндаи Бритониё “муқоисаи бемаънӣ” унвон гирифт.

Дар ин байн сафири Амрико дар СММ, хонум Сюзан Райс, иброз дошт, ки Сурия бидуни президенти кунуниаш хеле ҳам оромтар хоҳад
Сюзан Райс, сафири ИМА дар Созмони Милал
шуд: "Мехоҳем ба Шӯро нишон диҳем, ки рафтори Асад комилан ғайри қобили қабул аст. Ӯ шаръияти худро аз даст додаву ба фикри мо мардуми Сурия ва умуман ин кишвар бидуни президент Асад осудатар хоҳад буд."

Ба қавли мансабдорони амрикоӣ, Вашингтон дар пайи таълифи изҳороте мебошад, ки барои аввалин бор истеъфои президент Башор ал-Асадро дар миён хоҳад гузошт, зеро посухи раҳбари Сурия ба дархости қатъи таъқиби гирдиҳамоиҳо ирсоли танку тӯпи иловагӣ ба истеҳкомҳомҳои мухолифини ин режим будааст.

Рӯзи чаҳоршанбе маъмурияти ИМА эълон кард, ки таҳрими якҷонибаи Сурия аз тарафи Вашингтон тавсеа хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG