Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши вазъи Сурия дар Шӯрои амнияти СММ


Дипломатҳо дар Шӯрои амнияти Созмони Милал мегӯянд, аз идомаи хушунатҳо дар Сурия иттилои нигаронкунанда гирифтаанд. Аъзои Шӯрои амният рӯзи чаҳоршанбе дар як ҳамоиши пӯшида гузориши ёвари Дабири кулли Созмони Милал, Оскар Фернандез Таранкоро шуниданд. Сафири Британия, Филип Парҳам гуфт, бино ба маълумоти ӯ, наздик ба 2000 шаҳрванди Сурия кушта ва қариб 13000 нафар боздошт шудаанд. Вай афзуд, Шӯрои амният метавонад, “иқдомҳои баъдӣ”-ро дар ҳоли фурӯпошии режими Сурия баррасӣ кунад. Сафири Амрико дар Созмони Милал, Сузон Райс гуфт, Вошингтон ҳоло бар ин аст, ки Асад барканор шавад. Аммо сафири Сурия дар Созмони Милал Башор Ҷаъфар иттилои паҳншударо “носаҳеҳ” номида маҳкум кард ва вазъи Сурияро ба рӯйдодҳои охири Британия монанд кард.
XS
SM
MD
LG