Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай бо судури як фармон додгоҳҳоро аз ҳаққи ба чолиш кашонидани натоиҷи интихобот маҳрум кард. Ҳадаф аз ин қарор хатми баҳси тӯлониест, ки бар сари натоиҷи интихоботи соли гузаштаи парлумони Афғонистон идома дошт. Додгоҳи вижаи интихобот ваколати 62 узви маҷлисро ба ин далел, ки пирӯзии онҳо тавассути тақаллуб ба даст омадааст, лағв кардааст. Ҳомид Карзай имрӯз ин додгоҳи вижаро аз байн бурд ва ҳарфи ниҳоӣ дар мавриди натоиҷи интихоботро ба Куммиссиюни мустақили интихобот дод.