Хушунат ва ғоратгарӣ пойтахти Британия ва ба камияш се шаҳри дигари онро фаро гирифтааст. Бар иловаи Лондон ошӯбҳо дар Бирмингҳем, Ливерпул ва Бристол сар задаанд. Ин асари бетартибиҳои умумист, ки чанд минтақаи Лондонро фаро гирифта, даргириҳо бо полис, тирандозӣ ва сӯхторро ба ҳамроҳ дошт. Дар Лондон ошӯбҳо шаби шанбе пас аз тазоҳуроти зидди қатли як ҷавон дар тирандозии полис сар шуд. Полис мегӯяд, 200 нафарро боздошт кардааст. Сарвазири Британия Дейвид Камерон эълом дошт, ки истироҳати тобистонаи худро қатъ карда, ба Лондон баргашт ва имрӯз ҷаласаи изтирории ҳукуматро сарварӣ хоҳад кард ва дар он шеваи бархӯрд бо ошӯбҳо баррасӣ хоҳад шуд. Полис ба дастаҳои футбол дастур додааст, бозиҳоро то эътидоли авзоъ ба таъвиқ гузоранд.