Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти суқути бозорҳои ҷаҳонӣ ба якдигар


Бо вуҷуди итминони хотир додани раҳбарони ҷаҳонӣ ба сармоягузорон, суқути шохис ва қимати саҳҳом дар бозорҳои бурс идома кард. Поин бурдани як нишондиҳандаи муҳими эътимоди иқтисодӣ ба Амрико дар рӯзи ҷумъа ва бӯҳрони евро сабаби талотум дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд. Дар Амрико шохиси Доу Ҷонс 2 дар сад арзиши худро аз даст дод. Бозорҳои Аврупо низ баъди каме беҳбуд дар субҳи имрӯз дигарбора, шоҳиди суқути арзиши саҳҳом шуданд, аз ҷумла шохисҳо дар бозорҳои Олмон, Фаронса. Дар Осиё вазъ аз ҳафтаи гузашта ба ҳамин минвол идома дорад. Тимотӣ Гейтнер, вазири молияи Амрико агарчӣ муассисаи байналмилалии Стандарт энд Пурс як нишондиҳандаи эътимоди иқтисодӣ ба Амрико поин бурд, аммо иқтисоди ин кишвар ҳамчунон қавӣ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG