Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ мегӯяд, аз гузоришҳо доир ба манъи ҳузури ҷавонон дар масоҷиди Тоҷикистон нигарон шудааст. Фотеҳ Окай, сухангӯи ин созмон, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ин масъаларо бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар миён гузошта ва аз онҳо ҷӯёи шарҳи ин қазия шуд.”
Қонун дар мавриди масъулияти волидайн, ки рӯзи шанбе ҳукми иҷро гирифт, ба истиснои маросими ҷаноза, ҳузури ҷавонону наврасони то 18-соларо маросими мазҳабӣ дар масоҷид, мамнӯъ мекунад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, қонуни мазкур озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро маҳдуд мекунад.