Дар натиҷаи инфиҷори газ дар яке аз конҳои ангишти Украина дар шарқи ин кишвар 26 нафар маҷруҳ шудаанд. Ин севвумин ҳодисае аз ин қабил дар як ҳафтаи ахир мебошад. Мақомот мегӯянд, ин ҳодиса дар кони Луганск рух додааст. 5 нафар бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол дода шудаанд ва 21 нафари дигар сатҳӣ маъюб шудаанд. Конҳои Украина аз лиҳози таъмини муқаррароти амниятӣ бадтарин конҳо дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Рӯзи ҷумъаи гузашта дар ду ҳодисаи алоҳида дар конҳои ангиши ин кишвар 37 нафар кушта шуданд.