Чанд гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари Озарбойҷон дар пешорӯи озмуни Eurovision -2012 ба як маъракаи огоҳӣ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар шурӯъ карданд. Ҳаққи мизбонии ин озмунро ба шарофати пирӯзии як дуэти озарӣ дар Eurovision-и имсола Боку, пойтахти Озарбойҷон ба даст оварда ва ба кумитаи ташкилиаш хонум аввали ин кишвар Меҳрубон Алиева раҳбарӣ мекунад. Маъракаи мавсум ба “Таронаҳои озодӣ дар кишвари ноозод” раҳоии маҳбусони сиёсӣ, беҳбуди вазъи озодии матбуот ва лағви маҳдудият дар роҳи баргузории раҳпаймоиҳо дар Озарбойҷонро тақозо мекунад.