Таҳқиқоти дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон анҷомдодаи хабаргузории «Азия Плюс» ҳокии аз 10 то 50 дарсад боло рафтани қимати маҳсулоти ғизоӣ баъд аз расидани моҳи Рамазон аст. Ба мушоҳидаи «Азия Плюс», бахусус нархи маҳсулоти кишоварзӣ афзуда, як кило сабзиву бодиринг мутаносибан аз 1,5 сомонӣ мутаносибан то 3-4 сомонӣ ва 2,5 -3 сомонӣ баланд рафтааст. Нархи як кило пиёзу картошка низ аз 1,5 сомонӣ мутаносибан 2 ва 2,5 сомонӣ шудааст.
Нархи орду биринҷ тағйир наёфта, як кило биринҷ вобаста ба сифаташ аз 5 то 10 сомонӣ ва як халта орд аз 125 то 140 сомонӣ қимат дорад. «Азия Плюс» мегӯяд, қимати як кило гӯшти устухондор, ки дар нархномаҳо 23 сомонӣ менависанд, амалан аз 26 то 28 сомонист.