Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон додгоҳи 2 нафар ба таъхир афтод


Санҷар Қодиралиев, ки ду соли пеш кушта шуд
Мурофиаи додгоҳии ду марде, ки барои куштори узви порламон дар ду соли пеш муттаҳам дониста шудаанд, ба таъхир афтод. Сабаб ин будааст, ки хешовандони намояндаи кушташудаи порламон дар ҷараёни додгоҳ ба ин ду нафар ҳамла бурдаанд ва яке аз онҳо маҷрӯҳ шудааст. Санҷар Қодиралиев-намояндаи порламон 14 апрели соли 2009 дар назди хонааш аз тири туфанг кушта шуд. Алтинбек Итибаев баъд аз як ҳафтаи ин куштор боздошт шуд ва эътироф кард, ки вай ин кушторро бо дастури шахсе анҷом додааст. Мурас Маташев низ дар робита бо ин куштор баъди чанд моҳи дигар боздошт шуд. Сабабҳои ин куштор маълум нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG