Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзи имтиҳон дар Узбакистон СМС-ро қатъ карданд


Дар Узбакистон пешкашкунандагони хадамоти телефонҳои ҳамроҳ имрӯз чаҳор соат дар давоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои ин кишвар фиристодани матн ё СМС ва аксҳоро муттаваққиф карданд. 5 ширкати телефонӣ хадамоти интернетӣ дар телефонҳои ҳамроҳро низ қатъ карданд ва гуфтанд, ки ширкатҳои онҳо дар ин соатҳо машғули корҳои фаннӣ дар шабакаҳояшон будаанд. Дар Узбакистон 19 миллион корбарони телефонҳои ҳамроҳ вуҷуд дорад. Дар гузориши матбуоти дохилӣ омадааст, бими он мерафт, ки довталабони донишгоҳҳои олӣ аз хадамоти интернетии телефонӣ истифода мекунанд, ба ин сабаб ин хадамотро қатъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG