Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Кохи Сафед бо ҷумҳурихоҳон идома дорад


Ҷон Бейнер
Ҷон Бейнер
Музокирот бо ҳадафи ҳалли ихтилофот бар сари лимити қарзҳои Амрико дар Кохи Сафед идома дорад. Мақомот мегӯянд, Кохи Сафед ва раҳбарони ҷумҳурихоҳон дар Конгресс ба пешрафти қобили мулоҳиза даст ёфтаанд. Сенат, ки таҳти назорати демократҳост, ба хотири ироаи фурсати кофӣ ба ин музокирот раъйдиҳиаш дар мавриди лимити қарзро ба таъхир гузошт. Раиси ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Конгресс Ҷон Бейнер низ изҳори итминон кард, ки онҳо дар охирин лаҳза бо раисиҷумҳур Барак Обама даст ба тавофуқе хоҳанд ёфт, ки пеши роҳи варшикастагии Амрикоро бигирад. Дар ғайри сурати тавофуқ, Амрико аз 2 август метавонад дучори дефолт шавад, ки барои иқтисоди ҷаҳонӣ пайомадҳои сангине хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG