Пайвандҳои дастрасӣ

Нақби "Истиқлол" 5 моҳ баста мешавад


Роҳ ба сӯи нақби "Истиқлол"
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар додааст, ки нақби “Истиқлол” ё Анзоб аз аввали моҳи август баста мешавад. Бино ба ин хабар, ширкати эронии “Сангоб” мехоҳад дар муддати 5 моҳ, яъне то поёни сол корҳои нотамоми сохтмони нақбро ба поён расонад. Барои анҷоми ин корҳо ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби Эрон 3 миллион долларӣ ихтисос додаанд. Ҳоло ҷонибҳо эълон кардаанд, ки то поёни соли ҷорӣ сохтмони нақб комилан такмил мешавад. Дар оғози соли ҷорӣ Олим Бобоев-вазири пешини нақлиёт қавл дода буд, ки корҳои сохтмонии нақби “Истиқлол” то ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба поён мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG