Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои шаҳрвандони Узбакистон барои ҷои кор дар Маскав


Залина Корнилова-намояндаи хадамоти муҳоҷиратии Русия хабар додааст, ки 30 нафар муҳоҷирони Узбакистон барои ташкили занозанию ҷанҷол дар майдони Комсомолскаяи шаҳри Маска аз Русия депорт хоҳанд шуд. Байни онҳо барои ба даст овардани ҷойҳои корӣ дар 3 вокзали шаҳри Маскав моҷаро бархостааст. Дар моҷаро 40 нафар, аз ҷумла 30 шаҳрванди Узбакистон, ширкат кардаанд ва бо худ корду чӯбдастҳо доштаанд. Корнилова гуфтааст, соли гузашта моҳи сентябр ҳамин гуна занозанӣ миёни 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон рух дода буд. Моҳи маи ҳамин сол низ 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон дар ноҳияи Балашихов ба ҳам дарафтоданд. 2 нафар аз зарби корд ба беморхона афтода буданд.
XS
SM
MD
LG