Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили шаҳрдор бамро дар саллаи худ пинҳон кардааст


Шаҳрдор Ғулом Ҳайдар Ҳамидӣ
Шаҳрдор Ғулом Ҳайдар Ҳамидӣ
Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки имрӯз дар инфиҷоре дар шаҳри Қандаҳор Ғулом Ҳайдар Ҳамидӣ-мири шаҳр кушта шудааст. Як бамгузори интиҳорӣ худро дар назди бинои шаҳрдорӣ мунфаҷир сохтааст. Зоҳиран вай бамро дар саллаи худ пинҳон карда будааст. Содиқ Рештинай-хабарнигори радиои Озодӣ дар Қандаҳор дар ин бора гуфт:

“Чанд дақиқа қабл дар назди бинои шаҳрдорӣ инфиҷор рух дод. Дар ин инфиҷор шаҳрдор Ғулом Ҳайдар Ҳамидӣ ва шаҳрвандони дигар кушта шуданд. Суиқасдкунанда, ки дар тунбони худ бамро пинҳон карда будааст, вонамуд кардааст, ки мехоҳад бо шаҳрдор сӯҳбат кунад”.

Ҳамидӣ дар ҳоле кушта шудааст, ки ду ҳафта пеш дар шаҳри Қандаҳор Аҳмад Валӣ Карзай-бародари президент Ҳомид Қарзай дар суиқасде ба қатл расид. Аҳмад Валӣ Карзай аз нирумандтарин шахсиятҳо дар ҷануби Афғонистон ба шумор мерафт. Баъд аз як ҳафтаи он Ҷон Муҳаммадхон-сармушовири раиси ҷумҳур дар Кобул дар хонааш дар суиқасде кушта шуд.
XS
SM
MD
LG