Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Норвегия ҳамдастони Брейвикро меҷӯяд


Мақомоти полиси Норвегия эълом доштанд, ки изҳороти Андерс Брейвик дар бораи ҳамдастонашро тафтиш мекунанд. Ба гуфтаи қозии додгоҳ Ким Ҳегер, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ Брейвик изҳор намуд, ки ба созмони ӯ ду гурӯҳи дигар ҳам шомиланд.

Аз ин пештар террористи норвегӣ гуфта буд, ки ҳамдасте надорад ва ҳарду ҳамлаи террористӣ – ҳам дар пойтахти кишвар Осло ва ҳам ҳам дар ҷазираи Утойяро тани танҳо анҷом додааст.

Бар асари ин ду ҳамла дасти кам 76 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ин пештар кормандони полис дар бораи ҳалокати 93 нафар хабар дода буданд. Раҳбарони идораи полис инро бо мушкили ҷамъоварии иттилоъ баъд аз ҳодиса марбут карданд. Ба гуфтаи муфаттишон, то ҳанӯз теъдоди дақиқи қурбониёни бар асари инфиҷор дар Осло маълум нест.

Қозии додгоҳ дирӯз ҳукм кард, ки Андерс Брейвик барои ду моҳ боздошт шавад ва ин муддат ӯ дар инзивоъ қарор бигирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG