Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бозиро бар Сурия бохт


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозиҳо барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2014 ба дастаи мунтахаби Сурия бо ҳисоби 2 бар 1 бохт. Тӯби ягонаро аз дастаи Тоҷикистон Комил Саидов аз дастаи ЦСКА “Помир”-и Душанбе ба дарвозаи рақибон зад. Ба сабаби нооромиҳо дар Сурия ин бозӣ дар Умон-пойтахти Урдун баргузор шуд. Бозии ҷавобии дастаҳо 28 июл дар Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳалаи ниҳоии бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбанд.
XS
SM
MD
LG