Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмӣ-барандаи 5 ҷоизаи овозхонии Греммӣ даргузашт


Эмӣ Вайнҳаус
Эмӣ Вайнҳаус
Эмӣ Вайнҳаус-овозхони машҳури попи Британияро дар хонааш дар Лондон мурда дарёфтанд. Вай 27 сол дошт. Эмӣ соли 2006 албоми таронаҳои худро бо номи "Rehab" ба ҳаводоронаш пешкаш карда буд. Вай дар ин таронаҳо муборизаи худро бар зидди гирифториаш бо маводи мухаддиру машрубот сароида буд. Тони Беннетт-ситораи дурахшони ҳунари Амрико, ки бо Эмӣ як тарона иҷро кардааст, ин даргузаштро “даргузашти фоҷеаомез” арзёбӣ кард. Фарҳангистони сабти овози Амрико, ки машҳуртарин ҷоизаи овозхониро бо номи Grammy тақдим мекунад, Эмиро хонандае медонад, ки ҳамзамон рок ҷаз, поп ва яккахониро дар садои вай беҳамто медонад. Эмӣ барои албоми таронаҳояш бо номи “Back to Black” 5 бор барандаи ҷоизаи Grammy шудааст. То ҳол сабабҳои марги Эмӣ эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG