Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тазоҳуркунандагон ба вазорати дифои Миср


Дар Қоҳира-пойтахти Миср ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон талош кардаанд ба сӯи вазорати дифои ин кишвар раҳпаймоӣ анҷом диҳанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегӯяд, рӯзи ҷумъа нақлиёти зиреҳдори низомӣ ва садҳо нафар низомиён роҳ ба сӯи вазоратро бастанд. Ин тазоҳурот замоне рух додааст, ки дар бораи задухурди миёни тазоҳуркунандагон ва сарбозон дар шаҳрҳои дигар гузоришҳо пахш шудааст, вале Шӯрои низомии Миср ин хабарҳоро рад мекунад. Бовари бисёре аз тазоҳуркунандагон ба Шӯрои низомӣ камтар шудааст ва мегӯянд, ки ин шӯро дар кашондани мақомоти режими пешин ба додгоҳ саҳлангорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG