Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти сарвазири Норвегия, Йенс Столтенберг


Сарвазири Норвегия, Йенс Столтенберг ду ҳамлаи террористӣ дар кишвараш ва ҳалокати 87 нафарро дар онҳо "фоҷиаи миллӣ" номид. Вай гуфт ин бузургтарин талафоти мардумаш аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум то имрӯз аст. Дар ҷараёни тирандозии як фарди мусаллаҳ дар урдугоҳи ҷавонони Ҳизби коргар, дастикам 80 нафар кушта шудаанд.
Каме пеш аз он низ дар таркиши бомба дар наздикии дафтари нахуствазири Норвегия, дастикам 7 нафари кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Рабҳари Норвегия барои пуштибонӣ ва ҳамдардияшон аз кишварҳои ҷаҳон сипосгузорӣ кард.
XS
SM
MD
LG