Захираи тилову асъори Тоҷикистон то 1 июли соли ҷорӣ 755 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба айни давраи соли қаблӣ 60 дарсад бештар аст. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшеди Юсуфиён гуфт, 48 дарсади ин захира тилост. Дар нишасти хабарии Бонки миллӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳаҷми пул дар муомилот ба 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ расида ва танҳо дар нимаи аввали сол ба муомилот ба маблағи умумии 419 миллион сомонӣ пули нав ворид кардаанд. Дар ин муддат ба маблағи 230 милллион сомонӣ пулҳои фарсударо аз муомилот берун кардаанд.