Хабарнигори шинохтаи эронӣ Мошоллоҳ Шамсулвоизинро ба зиндони Эвини Теҳрон хоҳанд андохт. Ин иқдом бар асоси 16 моҳ ҳукми зиндонест, ки додгоҳи инқилобии Теҳрон моҳи декабр дар қиболи ин хабарнигор бо иттиҳоми таблиғ алайҳи низоми Ҷумҳурии исломӣ ва таҳқири раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод содир карда буд. Мошоллоҳ Шамсулвоизин ба Радиои Фардо гуфт, ба ӯ амр шудааст, ки то рӯзи ҷумъа ба дафтари додситон дар зиндони Эвин ҳозир шавад. Шамсулвоизин сухангӯи Кумитаи дифоъ аз озодии матбуот ва ҳам муовини раиси Анҷумани хабарнигорони Эрон буда, то кунун 5 дафъа ба маҳзи корҳои хабарнигориаш ҳукм гирифтааст.