Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Мазори Шариф чаҳор кушта бар ҷой гузошт


Бар асари як таркиш дар шаҳри Мазори Шариф, воқеъ дар шимоли Афғонистон, чаҳор нафар кушта ва беш аз даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи кормандони полис, як маргталаби велосипедсавор худро мунфаҷир кардааст. Ҳадафи ҳамла маълум нест.

Мазори Шариф яке аз ҳафт минтақаи Афғонистон аст, ки ин ҳафта бояд назорати амният аз НАТО ба нерӯҳои афғон вогузор шавад.

Имрӯз дар дигар вилояти шимолӣ – Тахор бар асари таркиши мина як корманди воломақоми хадамоти кашф ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин бар асари даргирӣ миёни полис ва толибон дар шаҳри ҷанубии Қандаҳор се корманди полис ба ҳалокат расиданд. Ду мусаллаҳи мухолифи ҳукумат, аз ҷумла, фармондеҳи толибон Мулло Кар низ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG