Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли мушовири аршади раисиҷумҳури Афғонистон


Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Бар асари як ҳамла дар Кобул, яке аз мушовирони аршади Ҳомиди Карзай ва як вакили парлумон кушта шудаанд.

Ҷонмуҳаммад Хон волии собиқи вилояти Урузгон буда, аз афроди хеле наздик ба Карзай маҳсуб мешуд. Дар натиҷаи ин ҳамла дар маҳаллаи Корти Чори Кобул Муҳаммадҳошим Ватанвол, вакили
Масъулияти ин ҳамларо, ки дар
нахустин рӯзи оғози раванди таҳвили масуъулияти таъмини амният аз неирӯҳои НАТО ба нерӯҳои афғон сурат гирифт, Толибон бар ӯҳда гирифтааст...

Вулусӣ Ҷирга аз вилояти Урузгон, низ ба ҳалокат расид.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлагарон ду нафар буданд, ки якеаш кушта шуда, якеи дигар ҳамчунон ба муқовимат идома медиҳад: “Ду фарди мусаллаҳ болои хонаи Ҷонмуҳаммад Хон ҳамла мекунанд. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳамла худи Ҷонмуҳаммадхон ба шаҳодат расид ва оқои Ватанвол, ки узви Вулусӣ Ҷирга аст ва меҳмон буд дар ин манзил, низ шаҳид шуд. Яке аз муҳоҷимон ҳанӯз зинда аст ва ин соҳа комилан таҳти муҳосираи пулис қарор дорад.”

Маҳаллаи Корти Чори Кобул мисли Валиакбархон макони сукунати мақомоти баландпояи давлати Афғонистон маҳсуб шуда, табъан таҳти ҳифозати шадиди нерӯҳои амниятӣ қарор дошт.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
Линки мустақим



ПУЛИС: "ЯК МУҲОҶИМ ЗИНДА АСТ."

Ин ҳол суолеро дар зеҳнҳо халқ кардааст, ки пас афроди мусаллаҳ чӣ гуна тавонистаанд ба осонӣ вориди ин минтақа ва ҳатто дохили манзили як мушовири аршади Ҳомиди Карзай шаванд?

Сиддиқи Сиддиқӣ гуфт, ба ин суол танҳо таҳқиқоти баъдӣ метавонад посух бидиҳад: "Ба муҷарраде, ки ин фарди боқимондаро аз байн бубаранд ва таҳқиқоти мо оғоз шавад, баррасии мо нишон хоҳад дод, ки инҳо аслан чӣ гуна тавонистаанд дохили хонаи ин шахсияти бузург шаванд. Фақат маълумоте, ки то ин лаҳза пеши мо ҳаст, ин аст, ки ду нафар аз бузургон – Ҷонмуҳаммад Хон ва Ватанвол – шаҳид шудаанд. Як пулис ҷароҳат бардошта ва як тан аз муҳоҷимини мусаллаҳ кушта шудааст. Дар ин лаҳзаҳо манзили оқои Хон таҳти муҳосираи пулис аст ва нерӯҳои пулис талош доранд, муҳоҷими охиринро, ки ҳанӯз зинда аст, аз байн бубаранд."
Раванди таҳвили масъулият рӯзи якшанбе аз вилояти Бомиён оғоз ёфт

КОРИ ДАСТИ ТОЛИБОН?

Хабарҳои расида аз Афғонистон мегӯянд, масъулияти ин ҳамларо, ки дар нахустин рӯзи оғози раванди таҳвили масуъулияти таъмини амният аз неирӯҳои НАТО ба нерӯҳои афғон сурат гирифт, Толибон бар ӯҳда гирифтааст.

Раванди таҳвили масъулият рӯзи якшанбе аз вилояти Бомиён оғоз ёфт. Аммо маросими таҳвили масъулият дар қароргоҳи пулиси маҳаллиро аз пеш эълон накарданд ва аз ҷараёни маросим ягон шабакаи телевизионӣ пахши зинда надошт.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки аз хеле муддатҳо ба таҳвили масъулият ба нерӯҳои маҳаллӣ пойфишорӣ мекард, низ дар ин маросими муҳим дар Бомиён ҳузур надошт.

Раванди таҳвили масъулияти таъмини амният аз нерӯҳои эътилоф ба нерӯҳои маҳаллӣ дар Афғонистони ҷангзада, қарор аст, то поёни соли 2014 такмил шавад. Аммо касе интизор надорад, ки ин роҳи дувунимсола орому сулҳомез тай хоҳад шуд.

ҚАТЛИ МУШОВИР БА ДУНБОЛИ ҚАТЛИ БАРОДАР

Бомиён, албатта, аз оромтарин вилоёти Афғонистон маҳсуб мешавад, вале манобеъи амниятӣ мегӯянд, нигаронии ҷиддие вуҷуд дорад, ки дар пайи таҳвили масъулият дар 7 минтақае, ки барои марҳалаи аввали ин раванд интихоб шудаанд, мизони ҳамлаҳои чирикиёни толиб ҳатман хоҳад афзуд.

Сӯъиқасд ба ҷони як узви муҳими давлати Ҳомиди Карзай дар нахустин рӯзи шурӯъи ин раванд рамзӣ ҳам ҳаст ва то куҷо осебпазир будани ҷомиаи Афғонистон ва ҳатто раҳбарони аввали ин кишвар дар муқобили ҳамлаҳои чирикиҳоро ба намоиш мегузорад.

Мушовири аршади Карзай Ҷонмуҳаммад Хон ҳамроҳ бо вакили парлумон вақте кушта шуданд, ки аз қатли Аҳмадвалӣ Карзай, бародарандари хурдии раисиҷумҳури Афғонистон ҳатто як ҳафтаи пурра нагузаштааст. Аҳмадвалӣ Карзай дар манзилаш дар Қандаҳор аз сӯи як муҳофизи собиқи хонаводаашон кушта шуд ва масъулияти он сӯъиқасдро низ Толибон бар ӯҳда гирифта, қатли раиси Шӯрои вилояти Қандаҳорро «аз бузургтарин комёбиҳо»-и худ номиданд.
XS
SM
MD
LG