Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Пекин ба мулоқоти Обама бо Далай-лама


Вазорати умури хориҷиии Чин мулоқоти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо раҳбари рӯҳонии Тибет Далай-ламаро чун «мудохилаи дағалона ба умури дохилии кишвар» арзёбӣ намуд.

Намояндаи муваққати ИМА дар Чин барои супурдаи нотаи эътирозӣ ба вазорати умури хориҷии Чин даъват шуд.

Пекин Далай-ламаро дар ҷудоихоҳӣ айбдор мекунад.

Мулоқоти Обама ва Далай-лама дар Кохи Сафед пушти дарҳои баста баргузор шуд. Ба иттилоъи расмӣ, раисиҷумҳури Амрико аз талошҳои раҳбари рӯҳонии Тибет барои аз сар гирифтани робита бо мақомоти Чин ва аз риоя шудани ҳуқуқҳои мардуми Тибет пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG