Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои беҳбуди равобити Амрико ва Покистон


Раҳбари хадамоти ҷосусии Покистон, генерал-лейтенант Шуҷоъ Пошо
Раҳбари хадамоти ҷосусии Покистон, генерал-лейтенант Шуҷоъ Пошо
Иёлоти Муттаҳида ва Покистон дар тармими равобити байниҳамӣ ба пешрафт даст ёфтаанд. Дар ин бора раҳбари хадамоти ҷосусии Покистон, генерал-лейтенант Шуҷоъ Пошо дар рӯзи дувуми сафараш ба Вошингтон хабар дод. Равобит байни ду кишвар пас аз рейди нерӯҳи вижаи Амрико барои қатли сарвари Ал-Қоида, Усома бин Лодин дар наздикии Исломобод дар моҳи май ба сардӣ гароида буд. Дар дидори Пошо бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Идораи марказии кашфи Амрико, Майкл Морел ва мақомоти дигар тарафҳо тасмим гирифтаанд, ки мушкилотро паси сар гузошта ба ҳамкории бештар ва наздиктар ноил шаванд.
XS
SM
MD
LG