Владимир Путин-нахуствазири Русия фоҷеаи киштии мусофирбар дар рӯдхонаи Волгаро, ки 113 нафар кушта шуд, “бемасулиятӣ ва баднафсӣ” номид. Путин ин суханонро баъд аз чаҳор рӯзи ин фоҷеа дар шаҳри Қазон-пойтахти ҷумҳурии мухтори Тотористон баён дошт. Вай гуфт:
“Даҳшатовар аст, ки мо барои бемасъулиятӣ, беэҳтиётӣ, баднафсӣ ва нақзи дағалонаи муқаррароти амниятӣ ин баҳоро бипардозем”.
Мақомот мегӯянд, то ҳол 20 нафар пайдо нашудаанд. Ин киштӣ рӯзи якшанбе дар оби рӯдхонаи Волга ғарқ шуд. Расидагӣ ба парвандаи ҷиноӣ идома дорад.